МАЪРИФАТИ АҲЛИ ҶОМЕАРО БАЛАНД БОЯД БАРДОШТ

Дар ҳошияи суханронии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (09.03.2024)
Оғоз
Ҷаҳони муосир зудтағйирёбанда буда, тақозо мекунад, ки ба масоили худшиносиву худогоҳӣ, шинохти асолати хеш ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа ҳамвора таваҷҷуҳ намоем. Вазъи мураккаби ҷаҳон вазифаву рисолати аҳли ҷомеаро боз ҳам бештар намудааст, зеро воситаҳои гуногуни таъсир расондан ба афкори омма ба вуҷуд омада, неруҳои иртиҷоӣ ва тундрав бо роҳҳои гуногун кӯшиш менамоянд, ки фазои орому осудаи кишварро халалдор созанд. Бинобар ин, зарурате пеш омадааст, ки аҳли зиё, фаъолони ҷомеа, ходимони дин дар муборизаҳои иттилоотӣ, бархурдҳои фарҳангӣ пешгом бошанд ва дар решакан намудани тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, терроризму экстремизм ва дигар амалҳои номатлуб саҳми муносиб гузоранд. Маълум аст, ки муборизаҳои абарқудратҳо ва оғози ҷанги сард ҷаҳонро ба марҳалаи нав ворид кардааст. Вазъи мураккаби сайёра ба кишвари мо низ бетаъсир нахоҳад буд ва омилҳои зиёд, аз қабили терроризму экстремизм ва таъсири фарҳанги бегона аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб меравад. Ба ин маънӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқот анҷом дода, суханронии пурмуҳтаво ироа намуданд. Дар он бевосита ба масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир ва масоили сатҳи маърифатмандии аҳли ҷомеаи кишвар диққати махсус зоҳир карданд. Мусаллам аст, ки суханронии Пешвои миллат домани васеи мавзуотро фаро гирифта, дар меҳвари он тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, маърифатмандии ҷомеа ва расидан ба қадри истиқлолу озодӣ ва сулҳу ваҳдат қарор дошт.
Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ
Истиқлолу Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик маҳсуб меёбанд. Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ имкон фароҳам оварданд, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускору созанда ва сулҳпарвар мавқеи сазовор пайдо кунад. Маълум аст, ки бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ кишвар гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фалаҷ гардид. Миллат парокандаву давлат дар ҳолати нобудӣ қарор дошт. Дар ҳамин лаҳзаи хатарзо ва ҳассос шахсияте зарур буд, ки ҳастии хешро барои сарҷамъ намудани миллат ва барқарории сулҳу субот фидо намояд. Аз ин рӯ, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ маҳз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорат ва эҳсоси баланди масъулияти ватандорӣ зимоми давлатро ба даст гирифтанд ва дар аввалин Муроҷиатномаи хеш бар мардуми Тоҷикистон таъкид доштанд:
«Ман ба хонадони Шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!.. Ман барои амну амонии халқу Ватани азизам ҳозирам ҷони худро қурбон кунам!».
Пешвои миллат киштии ғарқшудаи давлатро бо талошу иродат ва руҳи барозанда наҷот бахшиданд ва мардуми парокандаро ба ҳам оварданд ва кишвар ба марҳалаи нави созандагиву бунёдкорӣ ворид гардид. Ваҳдати миллӣ чун Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз ин рӯ, истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ барои мардуми тоҷик вожаҳои азизу муқаддас буда, арзиши олиро доро мебошанд.
Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз раванди бунёдкорӣ дар мамлакат бомаром идома дорад ва ба ҳар гӯшаву канори кишвар сафар намоем, шоҳиди он мегардем, ки мардуми тоҷик бо дасту дили гарм баҳри ободии Ватан заҳмати фаровон мекашанд, ки ҳамаи ин аз баракати истиқлол ва сулҳу субот мебошад. Дар баробари ин, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардиданд. Пешвои миллат дар ин бобат бамаврид таъкид карданд: «Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати Истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла, дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд».
Воқеан ҳам, тамоми шароит барои фаъолияти озодонаи шаҳрвандони Тоҷикистон фароҳам оварда шуда, аз як тараф, мардум масъалаҳои эътиқодии хешро анҷом медиҳанд, аз ҷониби дигар, дар раванди бунёдкориву созандагии кишвар заҳмат мекашанд. Истиқлолу ваҳдат аз арзишмандтарин дастовардҳои миллӣ мебошанд, ки ба рушди ҳамҷонибаи соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат карданд. Аз ин рӯ, расидан ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳким бахшидани онҳо аз вазифаҳои муҳимми аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Чопи асарҳо ва бузургдошти шахсиятҳо
Мусаллам аст, ки бо расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ имконоту шароит ҷиҳати шиносондани миллати тоҷик ба асолати хеш ва шахсиятҳои бонуфузи динию мазҳабӣ ва илмӣ ба вуҷуд омад. Аз ин ҷост, ки имрӯз тамоми осори илмию динии мо бо забони тоҷикӣ таҳия ва пешниҳоди хонандагон гардонида шуданд. Дар баробари ин, бузургдошти симоҳои барҷастаи адабиёту фарҳанг ва илмию динии мо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил гардиданд, ки Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Чопи асарҳо ва бузургдошти шахсиятҳо имкон фароҳам меорад, ки аз як тараф, фаъолияти ибратбахши онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад, аз ҷониби дигар, осори мондагорашон дар кишвар ба таври шоиста омӯхта ва муаррифӣ шавад. Ба таъкиди Пешвои миллат, «Бо дастури Роҳбари давлат яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бур ҳониддин Абуҳасан ибни Абубакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд. Мо ин корҳоро барои он кардем, ки мардуми тоҷик хонанд ва донанд – кӣ буданд гузаштагони мову шумо?».
Воқеан, агар ба таърихи илму фарҳанги тоҷик назар афканем ва осори мондагори донишмандони гузаштаамонро ба таври амиқ омӯзем, дармеёбем, ки андешаву осори онҳо бештар ҷанбаи ақлгароӣ дошта, дар онҳо ба омилҳое таваҷҷуҳ шудааст, ки ба ҳаёти ҷомеа таъсири амиқ мерасонад. Ба ин мазмун, имрӯз имкон фароҳам оварда шудааст, ки тамоми қишрҳои ҷомеа асарҳоеро дастрас намоянд ва бевосита фарҳанги миллию динии хешро аз худ намоянд. Осори динии гузаштагонамон ҳамчун ҷузъе аз фарҳанги миллӣ ташаккул ёфта, ба сифати такмилбахши фарҳанги миллӣ хидмат кардааст. Аз ин рӯ, ин рисолат дар замони муосир бояд боз ҳам тақвият бахшида шавад ва тарзе амалӣ гардад, ки мувофиқ ба замон бошад. Зеро оне, ки ҳамбаста ба пешрафти ҷаҳону замон мутобиқ намегардад, маҳкум ба нобудӣ аст. Як нуктаро ба хубӣ бояд дарк намоем, ки вазифаву рисолати аҳли зиё, фаъолон ва ходимони дин, пеш аз ҳама, хидмат ба Ватан аст, на чизи дигар. Пешвои миллат зикр намуданд: «Танҳо соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии давлатамон имкон фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд».
Терроризм ва экстремизм
Яке аз омилҳои номатлуби ҷаҳони муосир мубориза бо терроризму экстремизм мебошад, ки ҷаҳони муосирро ҷиддан ба ташвиш овардааст. Терроризму экстремизм мисли заҳрпечак тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Аз ин рӯ, мубориза бо терроризму экстремизм дар саргаҳи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Маълум аст, ки бо расидан ба истиқлол кишвари мо гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид ва гурӯҳҳои зиёде бо такя ба идеологияи ғайримиллию динӣ ва таассубу хурофот ота ши ин ҷангро доман заданд. Далели ноамниву ҷанг ва хурофоту таассуб, ки дар оғози замони соҳибистиқлолӣ ба сар задани ҷанг сабабгор гардид, ҳанӯз таъсири он дар кишвари мо ба мушоҳида мерасад. Пешвои миллат қайд карданд: «Чӣ гуна бадбахтиҳо овард он ҷанг. Чӣ қадар одамон қурбон шуданд. Беш аз 150 ҳазор нафар кушташудагон, як миллион гурезаҳои иҷборӣ, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакони ятим, миллионҳо нафар одамоне, ки азизони худро аз даст доданд ва миллиардҳо сомонӣ зарари иқтисодии он рӯзҳо ҳанӯз аз хотираи мардум нарафтаанд ва дар иқтисодиёту зиндагии мо имрӯз низ эҳсос мешаванд. Дар кишвари ҳамсояи Афғонистон аз ҳисоби гурезаҳои тоҷик даҳҳо қабристони нав пайдо шуд».
Таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳодисаҳои нангини солҳои 90-уми асри гузаштаро набояд фаромӯш кард, балки аз он лаҳзаҳои хатарзо сабақи зарурӣ бояд баровард. Дар ҷомеае, ки арзишҳои миллию фарҳангӣ ба хурофот меомезанд, оқибати фалокатбору хатарафзо дар пай доранд. Дар ин масир, зарур аст, ки мубориза бо терроризму экстремизм ҷиддӣ ба роҳ монда шавад, зеро он пайкараи ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст ва он нафароне, ки ба ин роҳ мераванд, аз ҳеҷ қабоҳат даст намекашанд. Ҳодисаҳое, ки дар гӯшаю канори олам ба вуқуъ мепайванданд, шаҳодати ин гуфтаҳоянд. Масъалаи мазкур дар кишвари мо низ ташвишовар аст ва бояд дар ин самт кӯшиш намуд, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз хатари терроризму экстремизм пайваста огоҳ бошанд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари муборизу маҳкумкунанда бар зидди амалҳои номатлуб, махсусан, терроризму экстремизм шинохта шудааст. Ба ин маънӣ, дар мамлакат қонунҳои махсус ҷиҳати мубориза бо падидаҳои номатлуб қабул гардидааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ва 2021 – 2025 қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Бинобар ин, зарур аст, ки аҳли ҷомеа ба ин падидаҳои номатлуб дастаҷамъона мубориза баранд. Дар ин самт мулоқоту суҳбатҳоро дар муассисаҳои таълимӣ, масҷиду ибодатгоҳҳо, марказҳои фарҳангӣ бо иштироки наврасону ҷавонон бояд роҳандозӣ кард. Хусусан, намояндагони ниҳодҳои динӣ, ку митаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила фаъолиятро дар ма ҳалҳо ҷоннок намуда, дар ҳар деҳаву ҷамоат пайваста мулоқотҳо доир намоянд. Мулоқоту суҳбатҳо набояд хушку холӣ, балки фарогиру муассир ва таъсиргузор бошанд. Пешвои миллат дуруст дарёфтаанд: «Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад… Борҳо гуфтаам, имрӯз низ баён медорам, ки хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад».
Илму дониш
Техникаву технологияи муосир, илму дониш пайваста инкишоф меёбад ва ҷаҳон маҳз ба василаи илму донишу технологияи инноватсионӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад. Замони муосир тақозо мекунад, ки ба масъалаи омӯзиш ва фарогирии илму донишҳои муосир пайваста талош намоем. Яъне, он давлате ба пешрафтҳои чашмрас ноил мегардад, ки дар он ҷойгоҳи илм мавқеи асосиро касб карда бошад ва танҳо илму дониш таассубу хурофотро решакан карда метавонад. Омили асосӣ ва муассири бартараф намудани решаҳои таассубу хурофот ҷалби ҳарчи бештари ҷомеа ба омӯзиши фарогири илмҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Мусаллам аст, ки танҳо бо такя ба дин наметавон ба пешрафт ноил гардид ва ҳамқадами замон буд, баръакс, таассуби динӣ ҷомеаро ба қафо кашида, иддае онро ба манфиати хеш истифода мекунанд. Дар зимн, кӯшиш бояд кард, ки дин ҳамчун ҷузъе аз фарҳанги миллӣ ташаккул ёбад ва эътиқоду боварҳо ҳамбаста ба бунёдкориву созандагиҳо ва омӯзишу мутолиаи илмҳои муосир барои ҷомеа хидмат кунад. Пешрафти ҷомеаи навин талаб мекунад, ки танҳо илм бо қудрати бепоёни худ ҷаҳонро идора мекунад. Онҳое, ки ҳамеша ба омӯзиши илму дониш машғуланд, дар ҷомеа комгору комёб ва неруманду муваффақ мебошанд. Саволе ба миён меояд: давлатҳое, ки ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардиданд ва мардумонаш зиндагии шоис та доранд, бо кадом роҳ ба ин мақсад расиданд? Саволи мазкур танҳо як ҷавоб дорад. Онҳо омӯхтанд, аз дастовардҳои замон бархӯрдор гардиданд, ихтирову кашфиёт карданд, то ин ки ба иқтисодиёти пешрафта ноил гарданд. Яъне, гиреҳкушои ҳар гуна мушкилот омӯзиш аст ва оне, ки ба омӯзиш сари кор дорад, илмҳои бунёдиро меомӯзад, ҳеҷ гоҳ гирифтори сафсаттаҳои дурӯғин ва андешаҳои пучу шахшуда, ки ҳосил аз он ба ҷуз нороҳативу ноумедӣ ва шикас ту бадбахтӣ чизи дигаре нест, нахоҳад шуд. Бинобар ин, бояд омӯзишу мутолиа ва ҳар як амали мо муҷиби пешрафти кишвар гардад. Пешвои миллат таъкид доштанд: «Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ояндаи Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад. Ходимони дин низ вазифадоранд, ки ҷавонону наврасонро ба омӯзиши илму донишҳои дунявӣ, хусусан, фанҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ ҳидоят намоянд».
Таълиму тарбия
Масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон аз муҳимтарин вазифаҳои аҳли маориф, падару модар ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Зеро оғоз аз зинаи аввали таҳсил таваҷҷуҳ ба таълиму тарбия бояд ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Аз ин рӯ, таълиму тарбия кори ҳамагонист ва маҳз дар ҳамин давра насли созандаву бунёдкор ва сулҳпарвару онишманд ба камол мерасад. Бинобар ин, масъулият эҳсос намудани аҳли ҷомеа ба таълиму тарбияи фарзанд омили комёбӣ ва пешрафти кишвар мегардад. Шоистаи таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ имконоту шароит ҷиҳати омӯзиш ва фарогирии донишҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактабу маорифро дар меҳвари сиёсат қарор додаанд ва дар ҳар як суханрониву мулоқоти хеш бо аҳли маориф ин нуктаро пайвас та таъкид менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат (23.12.2022) қайд намуданд: «Мо мактаб ро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад».
Яъне, дар таълиму тарбия омӯзгор, падару модар ва муҳити ҷомеа масъулияти баробар доранд. Аз ин рӯ, масъалаи ба омӯзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар мадди аввал бояд қарор гирад ва дарсҳо тавре роҳандозӣ гарданд, ки бевосита ба ҳаёт ва пешрафтҳои ҷаҳони муосир созгор бошанд. Барои ин зарур аст, ки дар раванди дарсҳо истифодаи технологияи муосир ва зарурати ҳар як фанро ба наврасону ҷавонон гӯшзад бояд кард. Донистани техникаву технологияи замонавӣ, омӯзиши пайвас та ва таҳлили ҳамаҷонибаи авзои ҷаҳон дар ин бобат муҳим мебошад. Дарсҳои тарбиявӣ низ ба таври созгор бояд амалӣ карда шаванд ва мавзуъҳоеро дар бар гиранд, ки дархури замон бошанд ва дар баланд бардоштани руҳияи худшиносиву худогоҳии миллии наврасону ҷавонон мусоидат кунанд. Тарбия бояд бо таълим дар мактаб тавъам ба роҳ монда шавад ва ҳар як омӯзгоре, ки дарс мегӯяд, новобаста аз омӯзгори кадом фан будан, бояд ҷанбаи тарбиявии онро ба назар гирад. Дар хона бошад, падару модар аз таълиму тарбияи фарзандони хеш ба таври мунтазам огоҳ бошанд, робитаашонро бо мактаб ҷиддӣ ба роҳ монанд. Дар зимн, муҳити ҷомеа низ соз гор гардонида шавад ва дар он муҳит омӯзиши илму дониш ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар мадди назар қарор гирад, зеро илм бартар аз ибодат аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» рисолати падару модарро дар ин самт ҳамаҷониба мушаххас кардааст.
Тайи чанд соли охир бо дастури Пешвои миллат озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат» дар кишвар роҳандозӣ гардидааст, ки ҳадафи он, аз як тараф, дарёфти наврасону ҷавонони болаёқат бошад, аз ҷониби дигар, такмили ҷаҳонбинии илмию фарҳангии онҳо маҳсуб меёбад.
Пешвои миллат бамаврид таъкид карданд: «Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки танҳо кадрҳои замони нав, яъне, мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир метавонанд Ватан ва давлат ро соҳибӣ кунанд, обод созанд, тараққиёти давлатро таъмин намоянд ва ҷомеаро пеш баранд. Дар ҳазораи сеюм танҳо давлату миллатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки илму дониши пешрафта ва техникаву технологияҳои замонавӣ дошта бошанд. Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд. Ин вазифаи ҷонии падару модарони азиз, аҳли маориф, роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин мебошад».
Фарҳанги миллӣ
Миллати тоҷик таърихи беш аз 6000-сола дошта, ниёгони заковатманди мо дар дарозои таърих анъанаву оин ва расму русуми зиёдро ба ҷаҳониён ба мерос гузоштаанд. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ анъанаҳои миллии тоҷик аз нав эҳё гардиданд. Ба ин маънӣ, дар замони соҳибистиқлолӣ ҷашнҳои қадимаи тоҷик, аз қабили Меҳргон, Тиргон, Сада ва Наврӯз бо анъанаҳои дерини хеш барқарор гардиданд. Дар баробари ин, бо талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз байналмилалӣ гардид, ки фалсафаи он эҳёи табиат ва инсон аст. Маълум аст, ҷашнҳое, ки ба табиат ҳамбастаанд, умри безавол дошта, сол то сол такмил меёбанду муҷаллотар мегарданд. Наврӯз ба ҳаёти инсоният иртиботи амиқ дош та, дар баробари покизагии гирду атроф, инчунин, покиву тозагии руҳи инсонро тақозо ва шодиву суруру ҳамбастагии аҳли сайёраро дар худ таҷассум мекунад. Аз ин ҷост, ки он ҳамчун як ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги ҷаҳонӣ пазируфта шуда, имрӯз мардуми сайёра ин ҷашнро дар сатҳи баланд таҷлил мекунанд. Ва ин ҷашн дар Тоҷикистон бо тамоми расму оинҳояш таҷлил мегардад. Дар баробари ин, либосҳои миллии тоҷикӣ низ таърихи дерин доранд ва дар дарозои таърих мардуми тоҷик онҳоро истифода мекунанд, имрӯз низ бояд дар авлавият қарор гиранд. Мусаллам аст, ки либос як ҷузъи асосии фарҳанги миллӣ буда, тарғибгари кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад. Бинобар ин, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, либоси миллӣ – адрасу атлас, ки ҳуснбахши бонувони кишвар мебошанд, зарур ва ҳатмӣ мебошад. Ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасад: баъзе нафарон либосҳои бегонаро ба бар менамоянд, ки ин омил, аз як тараф, ихтилофро дар ҷомеа ба вуҷуд орад, аз ҷониби дигар, тарғиби фарҳанги бегона аст. Ба ин масъала низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ бояд зоҳир кард ва либосҳоеро ба бар кард, ки инъикосгари кишвари мо дар арсаи ҷаҳон бошанд. Набояд ба он роҳ дод, ки либоси миллии халқҳои дигар дар кишвари мо мавқеъ пайдо бикунанду ҷузъе аз фарҳангии миллии мо бигардад ва ихтилофоту нобаробариро дар миёни ҷомеа ба вуҷуд орад. Пешвои миллат барҳақ зикр карданд: «Модарону бонувони мо – тоҷикон тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем. Магар ба ҷойи тақлид ба либоси бегона босаводу боиффат будан, эҳтироми падару модар ва шавҳарро ба ҷо овардан беҳтар нест?».
Маърифати ҳуқуқӣ
Донистани қарору қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои давлатӣ ва дар доираи онҳо амал намудан низоми дурустро дар ҷомеа таъмин мекунад. Масъалаи зикршуда дар замони муосир аҳамияти баландро доро мебошад. Зеро оне, ки қонунҳои миллию байналмилалиро намедонад ва дар доираи онҳо амал намекунад, ба мушкилоти зиёд гирифтор мешавад. Бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Ин ба он маъност, ки бояд шаҳрвандони кишвар ҳаққу ҳуқуқҳои худро донанд ва меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятиро риоя кунанд. Гузашта аз ин, донистани қонунҳо кифоябахш нест, балки онҳоро маърифат бояд кард. Мафҳуми маърифат фарогир буда, тақозо мекунад, ки аҳли ҷомеа диққати аввалиндараҷаро ба дарку шинохти ва риояи қонунҳо равона бисозанд. Зеро фаъолият намудан дар заминаи қонунҳои амалкунанда, ки ба рушди кишвар равона шудаанд, ба пешрафти мамлакат мусоидат мекунад. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар амалҳоеро, ки анҷом медиҳад, бояд дар доираи қонун сурат гирад. Дар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бошад, бояд корҳое анҷом дода шавад, ки муассиру таконбахш бошанд. Дар зимн, бояд барномаи мушаххас ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа таҳия ва амалӣ карда шавад. Дар ин замина, пеш аз ҳама, зиёд намудани барномаҳои телевизионию радиоӣ, навиштаҳои матбуотӣ ва чорабиниҳои фарогири ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба мақсад мувофиқ аст. Чоп намудани дастуру китобҳои хурд ва дастрас намудани онҳо ба тамоми қишрҳои ҷомеа муфид хоҳад буд. Қонунҳоро риояву эҳтиром намудан, аз як тараф, сатҳи ҷинояткориро дар ҷомеа кам кунад, аз ҷониби дигар, ба вусъати фаъолияти институтҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Пешвои миллат таъкид доштанд: «Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад. Дар робита ба ин, мақомоти дахлдори давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли ҷомеа, хусусан, ходимони динро зарур меояд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифатнокии аҳолии кишвар, аз ҷумла, дарки амиқу бечунучарои муқаррароти моддаи якуми Конститутсия, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ мебошад, махсусан, доир ба моҳияти ду-нявии давлат масъулияти бевосита зоҳир намоянд».
Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст
Дар замони ҷаҳонишавӣ масъалаи ватандӯстии шаҳрвандон дар меҳвар бояд қарор дошта бошад. Дӯст дош тани Ватан ва ифтихор намудан аз сарзамин ба мо имкон медиҳад, ки барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем. Масъалаи ифтихори миллӣ бояд аз зинаи аввали таҳсил дар мактабҳои миёна оғоз ёбад. Аз ин рӯ, бояд ҳангоми таълиму тарбия ба мавзуъҳое таваҷҷуҳ намоем, ки ҳисси ифтихори наврасону ҷавононро аз сарзамин такмил бахшад. Дар ин роҳ наметавон танҳо бо суханҳои хушку холӣ ба афкори омма таъсири амиқ гузошт, балки он бояд ҷузъе аз зиндагии ҳамарӯзаи мо қарор дошта бошад. Ифтихори ватандорӣ ва шукр намудан аз ин сарзамин ба мо неру мебахшад, ки боз ҳам дар ободию пешрафти он саҳми бештар гузорем.
Анҷом
Суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар пурмуҳтаво ва дархури замон буда, вазифаҳои зиёдро барои аҳли ҷомеа ба миён гузошт. Суханронии Сарвари давлат ба таври фарогир аз ҷониби институтҳои таҳ қиқотиву пажуҳишӣ, муассисаҳои таълимӣ бояд омӯхтаву мушкилоте, ки дар он зикр шудааст, маърифат карда шавад ва роҳҳои ҳалли проблемаҳои мавҷуда муайяну мушаххас гардад. Ба гумони мо, зарур аст, ки дар асоси нуктаҳои суханронии Пешвои миллат корҳои зерин анҷом дода шавад:
Якум, зарур аст, ки суханронии Сарвари давлат дар баробари он ки тавассути телевизион ба мардуми кишвар намоиш дода шуд ва дар матбуоти даврӣ ба нашр расид, дар муассисаҳои диниву фарҳангӣ ва масҷидҳо ба тамоми қишрҳои ҷомеа шарҳу тавзеҳ бахшида шавад.
Дуюм, дар муассисаҳои таълимӣ низ аз ҷониби устодону омӯзгорон ва коршиносон нуктаҳои он таҳлилу арзёбӣ гардида, рисолати нав расону ҷавонони тоҷик дар замони муосир таъкид карда шавад.
Сеюм, ба омӯзиши фанҳои бунёдӣ диққати асосӣ зоҳир гардида, хурофоту бегонапарастӣ ва суханҳои пучу бепоя, ки ҳеҷ аҳамияте дар замони ҷаҳонишавӣ надоранд, канор зада шавад.
Чорум, аҳли ҷомеа, падару модарон низ вазифадоранд, ки дар раванди таълиму тарбияи фарзандон бетараф набошанд, барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва соҳиби касбу ҳунари мувофиқ гардидани онҳо ҳамвора талош намоянд.
Панҷум, дар меҳвари маъвизаю суханрониҳои ходимони дин арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ, расидан ба қадри истиқлол, сулҳу суботи кишвар дар авлавият қарор гирад ва мардум дарк намоянд, ки дин ҷузъе аз фарҳанги миллӣ ҳисоб ёфта, дар пешрафти давлатдории миллии мо хидмати босазо анҷом медиҳад.
Эҳсон САФАРЗОДА,
Насриддин ОХУНЗОДА,
номзадҳои илмҳои филологӣ